Март 11, 2019 10:36 Asia/Dushanbe
  • Маркази тамаддуни исломии Узбакистон фурсате барои ҳамкориҳои муштараки Теҳрон-Тошканд

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар дидор бо раиси маркази тамаддунҳои исломии Узбакистон дар Тошканд гуфт, вуҷуди ин марказ фурсатҳои бисёре барои ҳамкориҳои муштарак миёни ду кишвар фароҳам мекунад.

Ба гузориши ИРНО, Саид Аббоси Солиҳӣ рӯзи якшанбе дар дидор бо Шоҳъазим Мунавваров таъсиси Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбакистонро иқдоме шоиста дар густариши ҳамкориҳои муштарак байни ин кишвар ва Эрон арзёбӣ кард ва афзуд, Эрон кишваре бо тамаддуни куҳани қабл  ва баъд аз ислом аст ва метавонад дар ин марказ ҳамкориҳои муассире дошта  бошад.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон бо ишора ба қидмати равобити фарҳангӣ ва тамаддунии Эрон ва Узбакистон хотирнишон кард, ин равобит метавонад фурсате бошад, то ба равобит ва таъомулоти муштараки ояндаи ду кишвар умедвортар буд ва масире, ки раиси ҷумҳури Узбакистон дар тавсеъаи равобити ин ду кишвар дар пеш гирифтаанд равобити ду кишварро нисбат ба гузашта мустаҳкамтар мекунад.

Солиҳӣ дар идома бар густариши ҳамкориҳои муштарак дар заминаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ аз ҷумла синамо, мусиқӣ, чоппи китоб ва нусхаҳои хаттӣ ва хушнависӣ таъкид кард.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ҳамчунин бар гуфтугӯҳои муштарак миёни нухбагони ду кишвар таъкид кард ва хотир нишон кард дар ин гуфтугӯҳо метавон ба муқобила бо терроризм ва нигоҳҳои ифротӣ ва ҳамчунин дифоъ аз сулҳи ҷаҳонӣ пардохт.

Раиси маркази тамаддунҳои исломии Узбакистон ҳам дар ин  дидор бо баёни инки ҳадаф аз таъсиси ин марказ ҳифз ва омӯзиши осори донишмандон аст гуфт, кишвари Узбакистон омодагии мубодилаи осори фарҳангӣ ва ҳунарии худ бо Эронро дорад.

Шоҳъазим Мунавваров бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ ва ҳунарии Эрон ва Узбакистон афзуд, ду кишвар метавонанд дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла синамо, мусиқӣ ва хушнависӣ бо якдигар ҳамкориҳои муштарак дошта бошанд.