Ҳидояти ифротиҳои боздоштшуда дар Қазоқистон аз сӯи ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i4237-Ҳидояти_ифротиҳои_боздоштшуда_дар_Қазоқистон_аз_сӯи_ДИИШ
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон эълом кард, аъзои 3 гурӯҳи ифротии боздоштшуда дар ин кишвар, аз сӯи гурӯҳи террористии ДИИШ ҳидоят мешуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 15, 2016 12:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳидояти ифротиҳои боздоштшуда дар Қазоқистон аз сӯи ДИИШ

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон эълом кард, аъзои 3 гурӯҳи ифротии боздоштшуда дар ин кишвар, аз сӯи гурӯҳи террористии ДИИШ ҳидоят мешуданд.

Ба гузориши хабаргузори Форс, Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон эълом кард, аъзои 3 гурӯҳи ифротие, ки аз 12 то 30 августи имсол дар натиҷаи амалиёти вижаи нерӯҳои низомии Қазоқистон боздошт шуданд, аз сӯи гурӯҳи террористии ДИИШ роҳнамоӣ ва ҳидоят мешуданд.

Дар натиҷаи амалиёти вижаи неруҳои низомии Қазоқистон аз 12 то 30 август 10 нафар дар устони ғарбии Қазоқистон ва 11 нафар дар устон Оқтеппа ба иттиҳоми ифротгароӣ ва барномарезӣ барои амалиёти террористӣ дастгир шуданд.

Аз маҳалли сукунати боздоштшудагон аслиҳа гарм, муҳиммот, маводи мунфаҷира, чоқу, навиштаҳое бо мазмунҳои ифротгарӣ ва видеоҳои таблиғотии созмонҳои террористии байналмилалӣ кашфу мусодира шудааст.