Сентябр 16, 2016 17:11 Asia/Dushanbe
  • Имзои 14 санади ҳамкорӣ миёни вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар нишасти Бишкек, пойтахти Қирғизистон 14 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", дар иҷлоси вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ИДМ 14 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла баёнияи руасои кишварҳои узви ин созмон дар хусуси биступанҷумин солгарди таъсиси он, ҷамъбандии иқдомоти муштарак дар ҳавзаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, мубориза бо ҳамлу нақли маводи мухаддир, баргузории саршумори ҷадид то соли 2020, номгузории соли 2017 ба унвони соли хонавода ва соли 2018 ба унвони соли фарҳангро ба имзо расонданд.

Роҳандозии барномаи байнидавлатии мавсум ба "Пойтахтҳои фарҳангии созмони кишварҳои ИДМ" дар соли 2017 дар Озарбойҷон, ҳамкории кишварҳо дар ҳавзаи мубориза бо терроризм ва дигар падидаҳои ифротгароӣ дар солҳои 2017 то 2019 аз дигар асноди имзошуда дар нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои ИДМ аст.

Кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Узбакистон, Беларус, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова узви аслии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳастанд ва Туркманистон низ узви нозири ин созмон ба шумор меояд.

Кишвари Украина дар 19-уми марти соли 2014 эълом кард, ба далели пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия аз узвият дар ИДМ мунсариф шудааст.

 

Барчасп