Март 19, 2019 18:26 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи донишомӯзи муҳаҷҷаба аз Академияи исломии Узбакистон

Додгоҳи шаҳри Тошканд ҳукми ихроҷи Нозима Абдулқаҳҳорова, донишомӯзи муҳаҷҷабаро аз Академияи байналмилалии исломии ин кишвар содир кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, додгоҳи ноҳияи Шайхонтаҳури шаҳри Тошканд ҳукми ихроҷи Нозима Абдулқаҳҳорова, донишомӯзи муҳаҷҷабаи Академияи байналмилалии исломии ин кишварро содир кард.

Абдулваҳҳоб Яъқубов, падари донишомӯзи муҳаҷҷабаи Узбакистон, ки худ низ вакил аст, аз додгоҳ хостааст, то муқаррароти дохилиро, ки ҳиҷобро барои духтарони мамнӯъ кардааст, лағв кунад. Яъқубов бо исрор бар лузуми лағви муқаррароти марбут ба либос дар Академияи байналмилалии исломӣ таъкид кард, ҳеҷ қонуне барои манъи ҳиҷоб дар ин муассисаи омӯзишӣ вуҷуд надорад ва ӯ қасд дорад, ба Додгоҳи Олии Узбакистон шикоят кунад.

Бо вуҷуди исломӣ будани ҷомеаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ то кунун муассисот ва созмонҳои идории ин кишварҳо бо донишомӯзон ва кормандони муҳаҷҷабаи худ бархӯрди ношоиста доранд, ба тавре ки чанде қабл мадрасае дар Қазоқистон ба донишомӯзони муҳаҷҷаба иҷозаи вуруд надод.

Академияи байналмилалии исломии Узбакистон дар моҳи апрели соли 2018 бар пояи Донишгоҳи исломии Тошканд эҷод шудааст.