Тағйири номи пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон
(last modified Wed, 20 Mar 2019 12:54:52 GMT )
Март 20, 2019 17:54 Asia/Dushanbe
  • Тағйири номи пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон

Пойтахти Қазоқистон ба сурати расмӣ аз Остона ба номи Нурсултон раиси ҷумҳури истеъфо додаи Қазоқистон тағйир ёфт.

Ба нақл аз Евра-Ниюз, ин ном як рӯз пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури Қазоқистон дар қолиби пешниҳоде аз сӯи Қосим Ҷумарт Токаев ҷонишини мувақати вай ба тасвиби парлумони ин кишвар расидааст.

Раиси ҷумҳури муваққати Қазоқистон, ки пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев, то замони баргузории интихоботи нав бар ин маснад нишастааст, субҳи рӯзи чаҳоршанбе пешниҳод кард, то барои таҷлил аз хадамоти раиси ҷумҳури собиқ, номи пойтахти кишвараш аз Остона ба Нурсултон тағйир ёбад.

Нурсултон Назарбоеви 79 сола раиси ҷумҳури Қазоқистон пас аз ҳудуди се даҳа қудрат дирӯз сешанбе истеъфо кард.

Нурсултон Назарбоев аз замони фурупошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ аз декабри 1991 токунун раиси ҷумҳури Қазоқистон будааст.