Март 23, 2019 17:39 Asia/Dushanbe
  • Шуру сурури Наврӯз дар Туркманистон

Истиқбол аз баҳор ва Наврӯз дар Туркманистон, ки беш аз 70 сол зери султаи камунистҳо будааст, ҳар сол бошукутар аз солҳои қабл баргузор мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс,  шаҳрҳо ва рустоҳои кишвари 6 миллион нафарии Туркманистон ба муносибати Наврӯз озинбандӣ шуда ва ба ҳамин муносибат маросимҳои суннатии мухталифе дар ин кишвар дар ҳоли баргузорӣ аст.

Шеърхонӣ, мусобиқоти асбдавонӣ ва иҷрои намоишҳои мухталиф бар асоси китобҳои таърихии туркманҳо аз ҷумла барномаҳои вижаи аёми Наврӯз дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар аст.

Image Caption
Image Caption


Туркманҳо дар ин аёми ғизоҳои маҳаллии хоссе ҳамчун "Наврӯз качча", "Наврӯз бома", "суманак" мепазанд ва онҳоро дар ихтиёри мардум қарор медиҳанд.

Мардон ва занони ҷавони туркман низ дар рӯзҳои ҷашн, бозиҳо ва саргармиҳои вижае аз ҷумла саворкорӣ, гуштинг, париш барои гирифтани дастмол аз баландӣ, шохзании қучҳо ва бозии шахмат баргузор мекунанд.

Пушидани либоси нав, диду боздид ва паридан аз рӯи оташ аз ойинҳои дигари туркманҳо дар аёми иди Наврӯз аст.

Давлати Туркманистон як сол пас аз истиқлол аз Шуравӣ дар соли 1992 Наврӯзро ба унвони яке аз идҳои милии ин кишвар эълом кард.