Тағйири расмии номи пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон
Номи пойтахти Қазоқистон ба сурати расмӣ аз Остона ба Нурсултон тағйир ёфт.
Ба нақл аз хабаргузории Рейтерз, ин тағйири номи пойтахт рӯзи шанбе бо ҳукме, ки аз сӯи "Қосим Ҷумарт Токаев" раиси ҷумҳури муваққати Қазоқистон имзо шуд, расмият пайдо кард.
Ин тағйири ном як рӯз пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев дар қолиби пешниҳодӣ аз сӯи Қосим Ҷумарт Токаев ҷонишини муваққати вай ба тасвиби парлумони ин кишвар расида буд ва имрӯз шанбе ба ифтихори вай шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон тағйири ном ёфт.
Нурсултон Назарбоеви 79 сола раиси ҷумҳури Қазоқистон пас аз ҳудуди се даҳсола қудрат рӯзи сешанбеи гузашта истеъфо кард.
Қосим Ҷумарт Токаев раиси сенати Қазоқистон низ рӯзи чаҳоршанбе ба унвони раиси ҷумҳури нави муваққати ин кишвар савганд ёд кард.
Ин чаҳорумин бор дар шаш даҳсолаи гузашта аст, ки номи ин шаҳр тағйир меёбад ва бархе аз сокинон ва шахсиятҳои мухолиф ба тозатарин тағйири номи пойтахт эътироз карданд.
Ин шаҳри як миллион нафарӣ, пеш аз онки Остона (ба маънои пойтахт) ном гирад, Оқмолинск, Теслиноград ва Оқмавло хонда мешуд.