Ихтисоси воми 20 миллиондолларии Бонки Тавсеа ва Бозсозии Аврупо ба Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i42713-Ихтисоси_воми_20_миллиондолларии_Бонки_Тавсеа_ва_Бозсозии_Аврупо_ба_Узбакистон
Бонки Тавсеа ва Бозсозии Аврупо барои ҳимоят аз тоҷирони ӯзбакистонӣ, ба ин кишвар 20 миллион доллар вом ихтисос медиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 27, 2019 06:30 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси воми 20 миллиондолларии Бонки Тавсеа ва Бозсозии Аврупо ба Узбакистон

Бонки Тавсеа ва Бозсозии Аврупо барои ҳимоят аз тоҷирони ӯзбакистонӣ, ба ин кишвар 20 миллион доллар вом ихтисос медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, намояндагии Бонки Тавсеа ва Бозсозии Аврупо дар Тошканд эълом кард, ин бонк бо ҳадафи ҳимоят аз содиркунандагон ва воридкунандагон дар Узбакистон воме ба арзиши 20 миллион доллар ба ҳисоби бонки “Узпромстройбонк” - и ин кишвар ихтисос дода хоҳад шуд.

Бонки Тавсеа ва бозсозии Аврупо дар ҳоли ҳозир ба иқтисоди Узбакистон барои иҷрои 70 тарҳ, муодили як миллиарду 300 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.