Нахустин нишасти Комиссияи муштараки Узбакистон ва Русия баргузор мешавад
Нахустин нишасти Комиссияи муштараки нахуствазирони Узбакистон ва Русия дар моҳи майи соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор мешавад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, нахустин нишасти Комиссияи муштараки нахуствазирони Узбакистон ва Русия дар моҳи майи соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор мешавад.
Бар асоси гузориши бахши матбуотии ҳайати давлати Русия, Абдуллоҳ Орифов ва Дмитрий Медведев, нахуствазирони Узбакистон ва Русия дар як тамос ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ ва илмиву фаннии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода ва бар баргузории нахустин нишасти Комиссияи муштарак дар сатҳи нахуствазирони ду кишвар дар моҳи майи соли ҷорӣ ба тавофуқ расиданд.
Комиссияи муштарак дар сатҳи нахуствазирони Узбакистон ва Русия дар моҳи октябри соли 2018 –и мелодӣ дар поёни гуфтугӯҳои Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, мабнӣ бар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии ду кишвар эҷод шудааст.
Ҳамакнун Русия яке аз бузургтарин ҳамкорони иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон мебошад. Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон беш аз 961 воҳид ширкати муштарак, азҷумла 810 ширкати муштарак ва 151 ширкат бо сад дарсади сармоягузориҳои сармоягузорони Русия фаъолият мекунанд.
Дар Узбакистон намояндагии 64 ширкати Русия ба сабт расидааст. Дар Русия низ беш аз 560 ширкати муштарак бо сармоягузориҳои сармоягузорони ӯзбакистонӣ дар заминаҳои мухталиф фаъолият мекунанд.
Мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар 10 моҳи соли 2018 мелодӣ дар сатҳи 3 миллиарду 500 миллион доллар қарор гирифтааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2017 мелодӣ 26.3 дарсад бештар мебошад.