Таъкиди Путин бар аҳамияти ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон
Раиси ҷумҳурии Русия гуфт: Вуҷуди пойгоҳи низомии ин кишвар дар Қирғизистон, аҳамияти бисёр зиёде дар тақвияти тавони дифоии ин ҷумҳурӣ ва тақвияти субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорад.
Ба гузориши ИТАР-ТАСС, Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Соронбой Ҷеенбеков раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар Бишкек афзуд: Ҳамкориҳои Русия ва Қирғизистон дар арсаи низомӣ-фаннӣ на фақат дар шакли чандҷониба дар чорчуби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, балки ба шакли дуҷониба низ дар оянда густариш меёбад.
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон низ дар ин нишасти хабарӣ бо таъкид бар лузуми афзоиши талошҳои байналмилалӣ барои мубориза бо гурӯҳҳои террористии фаъол дар минтақа гуфт: Қирғизистон сулҳ ва шукуфоӣ дар Афғонистонро хостор аст ва аз талошҳои Русия барои ҳалли мушкилоти ин кишвар ҳимоят мекунад.
Дар поёни музокироти раисони ҷумҳурии Русия ва Қирғизистон санаде дар хусуси эҷоди тағйирот дар тавофуқномаи соли 2012 дар бораи идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки Қирғизистон имзо шуд.