Апрел 01, 2019 18:41 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қарзи хориҷии Узбакистон

Бонки Марказии Узбакистон дар гузорише қарзи хориҷии ин кишварро беш аз 17 миллиард доллар баровард кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, гузориши Бонки Марказии Узбакистон баёнгари он аст, ки қарзи хориҷии ин кишвар то аввали январи соли 2019 дар муқоиса бо соли 2018 бо афзоиши 9.5 дарсад, ба ҳудуди 17 миллиарду 300 миллион доллар расид.

Бонки Марказии Узбакистон дар гузориши худ овардааст, ин дар ҳоле аст, ки бидеҳии бахши хусусӣ дар Узбакистон ҳафт миллиарду 200 миллион доллар (42 дарсад) ва қарзи давлат муодили 10 миллиард доллар (58 дарсад) баровард шудааст.