Апрел 01, 2019 19:57 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи садҳо комюн дар марзи Қирғизистон ва Қазоқистон

Афзоиши тадобири амниятии Қазоқистон дар мубориза бо қочоқи коло сабаб шудааст то беш аз 300 комюн ё мошинҳои борбар дар марзи Қирғизистон ва Қазоқистон мутаваққиф шаванд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бо шиддат ёфтани тадобири амниятии мақомҳои Қазоқистон дар мубориза бо қочоқи коло, акнун замони бештаре сарфи бозрасии комюнҳо ва дигар мошинҳо мешавад ва ин амр мутаваққиф шудани садҳо комюнро дар марзҳои муштараки Қазоқистон ва Қирғизистон дар пай доштааст.

Дар паёми расмии Вазорати молияи Қазоқистон омадааст, мақомоти ин кишвар давраи назорат ва контрол барои кашфу мусодираи колоҳои мамнуъро оғоз кардаанд.

27 марти имсол дар пости марзии Қарасӯи Қазоқистон 9 комюн ба далели қочоқи колоҳои чинӣ ва туркӣ тавқиф шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки афзоиши тадобири амниятӣ дар марзҳои Қазоқистон ва Қирғизистон бо мухолифати Бишкек мувоҷеҳ шудааст.