Апрел 02, 2019 20:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди нахуствазири Қирғизистон бар аломатгузории сареи марз бо Тоҷикистон

Нахуствазири Қирғизистон бар зарурати аломатгузории сареи марз бо Тоҷикистон таъкид кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Муҳаммадқулӣ Абулғозиев гуфтааст, ки мавзӯи аломатгузории марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон ниёзманди талошҳои ҷиддии мақомоти ду кишвар мебошад. Вай муътақид аст, ки ҳалли ин мушкил ва поён додан ба ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон танҳо аз роҳи гуфтугӯҳои созанда имконпазир аст ва истифода аз зӯр дар ин қазия бидуни натиҷа хоҳад буд.

Нахуствазири Қирғизистон ба даргирии ахири миёни сокинони манотиқи марзии Қирғизистону Тоҷикистон дар вилоятҳои Ботканд ва Суғд дар таърихи 14 март низ, ки мӯҷиби кушта шудани се шаҳрванди Тоҷикистон гардид, ишора карда гуфтааст, ки тамосҳои телефонии раисони ҷумҳурӣ, нахуствазирон ва дидору гуфтугӯи мақомоти Бишкек ва Душанбе заминаи поён додан ба ин муноқишаро фароҳам сохт. Аз дидгоҳи Муҳаммадқулӣ Абулғозиев, Ҳукумати Қирғизистон барои ҳалли мушкили сокинони рустои Оқсой, ки дохили қаламрави Тоҷикистон воқеъ шуда ва ниёз ба сохти роҳи мустақил, бозсозии мадраса ва пули иртиботӣ доранд, манобеи миллии мавриди ниёзро пайдо хоҳад кард.

Дар пайи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721-километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст. Ихтилофи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст. Бар асоси марзбандиҳои даврони шӯравӣ, бархе аз манотиқи марзии ду кишвар ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуда ва акнун ба маншаи ихтилофи мақомоти тоҷику қирғиз табдил шудааст.

Имрӯз Тоҷикистон бахши умдаи сӯхт, гандуму орди мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ва аз роҳи заминии Қирғизистон ворид мекунад ва ҳалли ихтилофоти марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя барои Душанбе аҳамияти ҳаётӣ дорад.