Афзоиши нархи талоқ дар Тошканд
Нархи талоқ дар пойтахти Узбакистон таи моҳҳои январ то феврали соли равон афзоиш ёфта ва 769 маврид ба сабт расидааст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ин арқом дар нишасти намояндагони маркази илмии хонавода ва Кумитаи занони Узбакистон дар шаҳрдории Тошканд эълом шуд.
Далелҳои талоқ шомили 48 дарсад ба далели ихтилофоти хонаводагӣ, 16 дарсад ба далели адами созгорӣ ва 9 дарсади дигар низ ба далели мушкилоти тарафайн барои бачадор шудан аст.
Илова бар ин 7 дарсад аз ин афрод аз мушкилоти муҳоҷират норозӣ ҳастанд, 3 дарсад мушкилоти модӣ доранд, 2 дарсад низ ба далели вобастагии тарафи муқобил ба алкул ва маводди мухаддир талоқ мегиранд.
Давлати Узбакистон авосити соли 2018 қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он талоқ байни завҷайн сахттар шудааст.
Бар асоси ин қонун агар қаблан афроде хостори талоқ буданд бояд 50 дарсади ҳадиақали мизони ҳуқуқи як моҳаи худро (12 доллар) пардохт мекарданд, аммо бо қонуни нав бояд 2 баробари ҳадиақали мизони ҳуқуқи як моҳа(48 доллар)-ро пардохт кунанд.
Бар асоси омори Вазорати додгустарии Узбакистон дар соли 2017 низ теъдоди талоқҳо нисбат ба соли 2016 8 дарсад афзоиш пайдо кардааст.