Апрел 13, 2019 08:58 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо фурӯпошии Шӯравӣ шиддат ёфт

Як корманди собиқадори Вазорати умури дохилии Қирғизистон муътақид аст, ихтилофоти марзии ин кишвар бо Тоҷикистон бо фурӯпошии Шӯравӣ ташдид шуд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, генерал Шейшенбек Бойзоқов гуфтааст, ки тайи 25 соли ахир авзоъ дар манотиқи марзии мавриди ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон тағйире накарда ва ҳамвора ихтилофоти марзӣ ба унвони маншаи танишзо боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи вай, дар манотиқи мавриди ихтилофи ин ду кишвари ҳамсоя се русто воқеъ шудаанд , ки аз нигоҳи мавқеияти ҷуғрофиёӣ мунҳасир ба фард ҳастанд. Ин рустоҳо рӯ ба рӯйи якдигар, дар канори як масири иртиботӣ воқеъ шудаанд, ки имкони ҷудо кардани роҳҳо вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, бояд мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои эътимодсозии дуҷониба иқдом ба бозкушоии гузаргоҳҳои бештаре миёни ин ду кишвар кунанд. Қаблан миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 16 гузаргоҳи марзӣ вуҷуд дошт, ки акнун танҳо 5 гузаргоҳ фаъолият мекунад.

Генерал Шейшенбек Бойзоқов бар ин бовар аст, ки нерӯҳои бегонаи фароминтақаӣ, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доранд, дар доман задан ба танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон нақш ифо мекунанд.

Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шӯравӣ, бархе аз манотиқи марзии ду кишвар ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуда ва акнун ба маншаи ихтилофи мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.

 

 

Барчасп