Ҳузури беш аз ҳазор нозир дар интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Қазоқистон
Узви Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон аз ҳузури ҳудуди 1700 нозир дар интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории “Форс”, Зауреш Боймалдин бо ишора ба ин ки сабти номи нозирон баъд аз тасвиби қатъномаи марбута аз сӯи Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон оғоз мешавад, гуфт, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи интихоботи қаблӣ ва ғайримунтазира будани вазъияти интихоботи соли ҷорӣ, Нурсултон (Остона) ҳузури ҳудуди 1600 то 1700 нозирро пешбинӣ мекунад.
Бар асоси қонуни интихоботи Қазоқистон, нозирон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешниҳоди Вазорати умури хориҷаи ин кишвар метавонанд ба раванди интихобот дар ин кишвар назорат дошта бошанд.
Интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон 9 июни соли 2019 баргузор хоҳад шуд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда дар ин кишвар барои апрели соли оянда (2020) пешбинӣ шуда буд.
Қосим Ҷомарт Тоқаев, раиси собиқи Маҷлиси намояндагони Қазоқистон моҳи гузашта дар пайи истеъфои ногаҳонии Нурсултон Назарбоев ба унвони раисҷумҳури муваққати ин кишвар интихоб шуд.