Апрел 14, 2019 18:36 Asia/Dushanbe
  • Духтари раисҷумҳури Узбакистон муовини падараш шуд

Духтари бузурги Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон муовини раиси Ожонси матбуотӣ ва иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ ва масъули танзими иртибототу расонаҳои ин кишвар шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, дафтари раёсатҷумҳурии Узбакистон рӯзи якшанбе эълом кард, Саида Мирзиёева аз ин пас масъули таблиғи тасвири мусбат аз Узбакистон дар хориҷ аз кишвар ва ҳамоҳангии расонаҳои давлатии Узбакистон хоҳад буд.

Шавкат Мирзиёев аз соли 2016, дар пайи даргузашти Ислом Каримов, ки 27 сол бар ин кишвар ҳукумат кард, қудратро дар даст дорад.