Апрел 15, 2019 14:06 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Узбакистон

Қосим Ҷомарт Токаев раиси ҷумҳури муваққати Қазоқистон ба манзури анҷоми сафари расмии дурӯза ба Узбакистон рӯзи якшанбе 14 апрел вориди Тошканд шуд.

Қарор аст дар дидори раиси ҷумҳури муваққати Қазоқистон бо Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон масоиле монанди чашмандози таҳкими равобити дуҷониба, ҳусни ҳамҷаворӣ ва широкати роҳбурдӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва бозаргонӣ баррасӣ шавад.

Узбакистон ба унвони пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон ба унвони васеътарин кишвари ин ҳавзаи ҷуғрофиёӣ, ду ҳазору 203 километр марзи муштарак доранд. Ба ҳамин далел густариши равобити ду кишвари ҳамсоя аз аҳамияти зиёде барои Тошканд ва Нурсултон бархурдор аст. Коршиносони масоили Осиёи Марказӣ бар ин боваранд, ки дар ҳоли ҳозир Узбакистон ва Қазоқистон беш аз ҳар замони дигаре алоқаманд ба густариши ҳамкориҳои мутақобил дар минтақа ҳастанд. Зеро густариш ва таҳкими ин ҳамкориҳо заминаҳои тақвияти минтақа ва эҳёи Иттиҳодияи Осиёи Марказӣ аз назари иқтисодиро фароҳам хоҳад кард. Дар ин иртибот Александр Шостов коршиноси сиёсии рус мегуяд:

Узбакистон ҳамвора бо ҳамсояи шимолии худ иртиботи хубе дошта ва токунун бисёре аз мушкилоти худро аз тариқи давлати Қазоқистон  бартараф кардааст.

Ин коршиноси сиёсии рус ҳамчунин тасреҳ кард, Остона (Нурсултон) ва Тошканд дар заминаҳои ҳамлу нақли райлӣ ва ҷоддаӣ, транзити гидрокарбурҳо, баҳрабардорӣ аз манобеъи об мавозеъи муштарак доранд. Дар айни ҳол таҳдиди террористҳои ДИИШ аз самти Афғонистон раҳбарони ду кишварро беш аз пеш муттаҳид кардааст.

Дар воқеъ бояд гуфт тамомии ин авомил заминаҳои эҳёи Иттиҳодияи Осиёи Марказӣ-ро фароҳам мекунад ва барои ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ яъне Узбакистон ва Қазоқистон амнияти иқтисодӣ фароҳам хоҳад кард. Дар сурати эҳёи ин иттиҳодия бархилофи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё на танҳо Тоҷикистон балки Туркманистон низ метавонад дар ин иттиҳодия узв шавад. Ин ҳамкориҳо илова бар беҳбуди равобити иқтисодӣ ва тиҷораии дуҷониба ба тақвияти ҳамкориҳои муштараки минтақавӣ хоҳад анҷомид. Аз ҳама муҳимтар ин ки рақобати Узбакистон ва Қазоқистон барои ба даст гирифтани раҳбарии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ба ҳамкории муштарак ва дустии давлатҳо ва миллатҳои минтақа табдил хоҳад кард.

Узбакистон ва Қазоқистон ҳамчунин ду узви Созмони ҳамкорӣ иқтисодии ЭКО ва Созмони ҳамкории исломӣ ҳастанд. Бадеҳӣ аст, ки ҳамкориҳои ду кишвар метавонад ба тавқвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байнамиллалӣ низ кумаки судманде ба ҳисоб биёяд.

Ҳаҷми мубодилоти тиҷории Узбакистон ва Қазоқистон дар соли 2013 бо беш аз 14 дарсад афзоиш дар муқоиса бо соли пеш аз он ба 3 миллиарду дусад миллион доллар афзоиш ёфт. Ин мубодилот  дар соли 2014 бо 25 дарсад афзоиш дар муқоиса бо соли 2013 ба ҳудуди севу ним миллиард доллар афзоиш ёфт. Раванди афзоиши мубодилоти тиҷорӣ миёни Узбакистон ва Қазоқистон ҳокӣ аз талошҳои дуҷонибаи раҳбарони Тошканд ва Нурсултон ба манзури дастёбӣ ба ҳадафҳои муштарак аст.

Дар маҷмуъ бояд гуфт сафари ҷории раиси ҷумҳури муваққати Қазоқистон ба Узбакистон гоми дигари раҳбарони Нурсултон ба манзури бозкардани охирин гиреҳҳои мушкилоти эҳтимолии ду кишвари ҳамсоя барои тақвияти ҳамкориҳои ду ҷониба ва минтақавӣ аст.