Апрел 19, 2019 16:40 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ба Тошканд

Раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ дар идомаи сафари давраияш ба Осиёи Марказӣ дар сафари расмие вориди Тошканд, пойтахти Узбакистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Мун Ҷэ Ин, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ба даъвати Шавкат Мирзиёев, ҳамтои узбакаш ба Тошканд сафар кардааст, то бо сарони ин кишвар дидору гуфтугӯ кунад. Баррасии чашмандози таҳкими ҳамкориҳои амалӣ дар заминаҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, молӣ, фаннию инсонӣ ва имзои асноди ҳамкорӣ ва судури баёнияи роҳбурдӣ барои таъмиқи равобити байни Узбакистону Кореяи Ҷанубӣ аз барномаҳои сафари Мун Ҷэ Ин ба Тошканд аст.

Кореяи Ҷанубӣ яке аз бузургтарин сармоягузорони Узбакистон буда, ки то кунун барои ҳузур дар иқтисоди Узбакистон беш аз 10 миллиард доллар ихтисос додааст. Ҳамакнун дар Узбакистон беш аз 461 корхона бо мушорикати сармоягузорони Кореяи Ҷанубӣ, аз ҷумла 79 ширкат бо сад дарсад сармояи сармоягузорони Кореяи Ҷанубӣ дар бахшҳои мошинсозӣ, бозаргонӣ, саноеи кимиёӣ, ғизоӣ, филизсозӣ, дорусозӣ, ҷаҳонгардӣ, нафту газ ва хадамот фаъолият мекунанд.