Апрел 20, 2019 18:11 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ қарордоди 12 миллиарддолларӣ имзо карданд

Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар чорчӯби сафари Мун Ҷае Ин ба Тошканд беш аз 12 миллиард доллар қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон ва Мун Ҷае Ин, раиси ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар мавриди ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар баёнияи муштаракеро имзо карданд.

Шавкат Мирзиёев пас аз имзои ин аснод гуфт, гуфтугӯҳои мо нишон дод, ҳамкориҳои Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ ва дигар ҳавзаҳо бо манофеи дарозмуддати мардуми мо ҳамоҳанг аст ва ду кишвар дар мавриди масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ, таъмини амният ва субот назарҳои муштарак доранд.

Мун Ҷае Ин, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ низ гуфт, Шавкат Мирзиёев бо ислоҳоти худ дар тамоми заминаҳо, зиндагии иҷтимоии Узбакистонро ба давроне ҷадид аз тавсеа ҳидоят мекунад.

Кореяи Ҷанубӣ яке аз бузургтарин сармоягузорони Узбакистон аст, ки то кунун барои ҳузур дар иқтисоди ин кишвар беш аз 10 миллиард доллар ихтисос додааст.