Апрел 25, 2019 09:52 Asia/Dushanbe
  • Тарсу нигаронии донишҷӯёни туркмани донишгоҳҳои Тоҷикистон аз сафар ба ватанашон

Донишҷӯёни туркмани донишгоҳҳои Тоҷикистон аз сафар ба ватани хеш ҳарос доранд.

Ба нақл аз Ка-Нюз, ин тарсу нигаронӣ ба монеъатарошиҳои мақомоти Туркманистон барои хуруҷи донишҷӯёни муҳассил дар Тоҷикистон аз кишварашон аст.

Тибқи ин гузориш аз оғози соли равони таҳсилӣ ҳудуди 100 нафар аз донишҷӯёни туркмани донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон пас аз сафар ба кишварашон дигар ба Тоҷикистон барнагаштанд.

Ҳамин сарнавишт барои шуморе аз донишҷӯёни туркмани донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон низ пеш омадааст.

Аъзам Бедуллоҳов муовини раиси донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон гуфтааст бархе донишҷӯёни туркман аз идомаи таҳсил бозмондаанд.

Вай мегуяд, соли 2018 як донишҷӯи духтар барои ширкат дар маросими хоксупории модараш ба Туркманистон рафт, аммо дигар барнагашт ва талоши мо барои бозгардондани ин донишҷӯ ба ҷое нарасид.

Гуфта мешавад мақомоти туркман дар моҳҳои ахир монеъи хуруҷи наздик ба ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар барои сафар ба Тоҷикистон шудаанд.

Тоҷикистон ва Туркманистон дар моҳҳои ахир равобити сарду бесобиқаеро таҷриба мекунанд.

Яке аз намодҳои ин раванд маҳдудиятҳои мақтаии ҳукумати Туркманистон барои убуру мурури мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз хоки ин кишвар аст.