Апрел 27, 2019 16:51 Asia/Dushanbe
  • Шартҳои Туркманистон барои пазириши мадраки донишгоҳҳои ИДМ

Вазорати маорифи Туркманистон аз пазириши мадраки донишгоҳҳои кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) дар сурати риояти бархе аҳкому завобит хабар дод.

Ба иттилои хабаргузории “Форс”, барои пазириши мадорики донишгоҳҳои кишварҳои ИДМ дар Туркманистон, номи он муассисаҳои омӯзишӣ бояд дар феҳристи донишгоҳҳои бартари ҷаҳон ворид ё дар Вазорати маорифи Туркманистон ба сабт расида бошад.

Ҳамчунин бояд муддати таҳсил дар донишгоҳҳои Ҷомеаи Ҳамсуд ва Туркманистон яксон бошад ва қонунҳои ЮНЕСКО дар ҳавзаи омӯзишӣ риоят шавад.

Қонунҳои ҷадид марбут ба донишҷуёне аст, ки пас аз таърихи 16 марти имсол вориди донишгоҳ мешаванд.

Барои пазириши мадраки донишгоҳҳои кишварҳои ИДМ дар Туркманистон алоқамандон бояд асноде монанди дархости расмӣ, тарҷумаи мадрак, копияи он ҳамроҳ бо таъйиди вакил, феҳристи нумарот ва асноди марбут ба вазъи донишгоҳро ба Вазорати маорифи Туркманистон таҳвил диҳанд ва дар озмунҳои вурудӣ ширкат кунанд.

Номи бархе донишгоҳҳои Русия, Чин, Ҳинд, Туркия, Қазоқистон, Гурҷистон ва Беларус дар феҳристи донишгоҳҳои мавриди пазириши давлати Туркманистон сабт шудааст.

 

Барчасп