Апрел 29, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Сохти маркази байналмилалии тиҷорӣ дар марзи Узбакистон ва Қазоқистон

Маркази байналмилалии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ соли 2025 дар марзи Узбакистон ва Қазоқистон оғоз ба кор мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ғайраттура Боев, мудири бахши ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон гуфт, ёддошти тафоҳум дар мавриди эҷоди ин маркази байналмилалӣ дар чорчӯби сафари раисҷумҳури Қазоқистон ба Узбакистон имзо шуд.

Бар асоси ин ёддошти тафоҳум, коргурӯҳи муштарак байни Узбакистон ва Қазоқистон тарҳу нақшаи роҳи тавсеаи ин маркази тиҷориро танзим мекунад.

Тарҳи эҷоди маркази байналмилалии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ дар чанд марҳала, азҷумла марҳалаи муқаддамотӣ дар соли 2019 ва сармоягузорӣ дар солҳои 2020 ва 2023 таҳия шуда ва қарор аст то соли 2025 ба баҳрабардорӣ бирасад.

Ин марказ дар марзи Узбакистон ва Қазоқистон, дар наздикии ду шаҳри бузурги Тошканд ва Чимкент эҷод хоҳад шуд.

Қазоқистон яке аз бузургтарин ҳамкорони бозаргонии Узбакистон маҳсуб мешавад ва дар Узбакистон 260 ширкат бо сармоягузории қазоқҳо фаъолият мекунад.

 

Барчасп