Май 01, 2019 14:44 Asia/Dushanbe
  • Русия пойгоҳҳои низомӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро тақвият мекунад

Вазири дифои Русия аз афзоиши омодагии размии пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди шибҳи низомиён аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар нишасти вазирони дифои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек гуфт: Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди шибҳи низомиён ба қаламрави кишварҳои муттаҳид дар Осиёи Марказӣ омодагии размии пойгоҳҳои низомии Маскав дар Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиш ва тавоноиҳои вокунишии онҳо дар шароити бӯҳронӣ тақвият мешавад.

Вай афзуд: Русия ба шарикони худ дар минтақа дар навсозии артиш ва афзоиши имконоти размӣ, онро аз тариқи ироаи таҷҳизоти низомӣ ва силоҳ, омодагии размии низомиён ва омӯзиши нерӯи инсонӣ кӯмак мекунад.

Вазири дифои Русия бо ишора ба ҳал нашудани мушкилот дар Афғонистон алорағми ҳузури тӯлонии Амрико, вазъияти ин кишварро сахт ва печида хонд ва аз тақвияти мавзеи ДОИШ, ки аз Афғонистон ба унвони майдоне барои ҳузури бештар дар минтақа истифода мекуна, ибрози нигаронӣ кард.

Барчасп