Май 02, 2019 09:46 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 350 миллион долларӣ барои бозсозии роҳи Ваҳдат то марзи Қирғизистон

Бонки рушду бозсозии Аврупо ва Бонки рушди Осиё барои иҷроӣ кардани тарҳи бозсозии роҳи ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон, то марзи Қирғизистон қарзи 350 миллион долларӣ ихтисос хоҳанд кард.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷик-Та, бар асоси ин тарҳ бозсозии километри  72 ин ҷодда дар ноҳияи Ваҳдат то километри 158 он дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш то марзи Қирғизистон дар назар мебошад. Ҳамчунин дар чорчуби ин тарҳ, сохти пули иртиботии нав ба тули 800 метр миёни шаҳри Роғун ва ноҳияи Рашт барномарезӣ шудааст.

Қаблан бахшҳое аз ин роҳи муҳимми транзитӣ ба тули 86 бо кумаки молии 60 миллион долларии Бонки рушди Осиё тармим ва бозсозӣ шуда буд.

Роҳи ноҳияи Ваҳдат, то марзи Қирғизистон 400 километр тул дорад, ки масири иртиботии заминии шарқи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст.

Интихоби ширкати муҷрии бозсозии роҳи ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон, то марзи Қирғизистон дар се моҳаи дуввуми соли равон баргузор хоҳад шуд.

Бахши умдаи воридоти сухт ва маҳсулоти мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Қирғизистон  аз масири вилоятҳои Суғд ва Ботканди Қирғизистон анҷом мегирад, ки дар муқоиса бо роҳи Душанбе то ноҳияи Лахш кутоҳтар ва ба сарфатар арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин умдаи сухти мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Қирғизистон ба вилояти Суғд ворид мешавад ва дар идома бо мошинҳои боркаш ба шаҳри Душанбе интиқол меёбад.