Май 07, 2019 10:26 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъияти истифода аз паҳподҳои ғайри низомӣ дар Узбакистон

Давлати Узбакистон қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он истифода ва парвози паҳподҳои ғайри низомӣ ва тафриҳӣ дар ин кишвар мамнуъ шудааст.

Ба гузориш хабаргузории Форс, бар асоси ин қонуни воридот, фуруш, хариду нигаҳдории ғайри қонунии паҳподҳои ғайри низомӣ ва тафриҳӣ, то се сол зиндон ба дунбол хоҳад дошт. Ҳамчунин бар асоси ин қонун, дар сурате, ки як фард дар ин замина чандин бор тахаллуф кунад, ё бар асари парвози ин гуна парандаҳо ба фарде садама ворид кунад муҷозоти зиндон аз 3 сол то 10 афзоиш хоҳад ёфт.

Илова бар ин низ афроде, ки барои воридот, нигаҳдорӣ ва истифодаи ғайри қонунӣ боздошт шудаанд, аз машоғили давлатӣ маҳрум мешаванд.

Тасмими Узбакистон дар мамнуъияти ин гуна парандаҳо дар ҳолест, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон низ дар ин замина маҳдудиятҳое вуҷуд дорад.