Нишасти машваратии Туркманитсон ва Амрико баргузор мешавад
(last modified Tue, 07 May 2019 06:29:09 GMT )
Май 07, 2019 11:29 Asia/Dushanbe
  • Нишасти машваратии Туркманитсон ва Амрико баргузор мешавад

Сафорати Амрико дар Туркманистон аз баргузории нишасти машваратии туркманӣ-амрикоӣ дар соли равон хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, сафорати Амрико дар Туркманистон аз баргузории мушовираҳои дуҷонибаи туркманӣ-амрикоӣ дар тирамоҳи соли равон хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, ин ҷаласа дар шаҳри Вашингтон дар моҳи октябри соли равон бо ҳадафи тавсеъаи равобити дуҷониба баргузор мешавад.

Дар ин нишастҳо мақомоти амрикоӣ масоили марбут ба ҳавзаи амният, тиҷорат, иқтисод, ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башарро матраҳ мекунанд.

Равобити депломатик байни Амрико ва Туркманистон дар таърихи 19 феврали соли 1992 оғоз шуд ва бистраи ҳуқуқии ин равобитро 59 санади расмӣ ташкил медиҳад.

Таи ин муддат 2 кишвар тавонистанд дар ҳавзаи нафт, химия, саноат, технологияҳои диҷитал, энержӣ, кишоварзӣ ва ҳамлу нақл ҳамкории дуҷонибаро тавсеъа диҳанд.