Май 16, 2019 18:48 Asia/Dushanbe
  • Русия: ДИИШ аслитарин таҳдид барои Созмони Шанхай аст

Русия афзоиши ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ бавижа ДИИШ дар Афғонистонро маншаи аслии таҳдидоти амниятӣ, барои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва минтақаи Осиёи Марказӣ донист.

Ба гузориши рӯзномаи русии “Российская газета”, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар суханронии худ дар чаҳордаҳумин нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек (пойтахти Қирғизистон) эълом кард, террористҳо аз ҷумла ДИИШ, аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дар ваҳлаи нахусти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба унвони пойгоҳи муносибе барои густариши иддиалогияи ифротии хеш дар назар гирифта ва фаъолияти ҷиддиро дар ин замина анҷом медиҳанд.

Вай афзуд, бештарин ва ҷиддитарин таҳдидоти амниятӣ, ношӣ аз ҳамалоти гурӯҳи террористии ДИИШ дар хоки Афғонистон аст. Бар асоси иттилооти мо, аз 2 ҳазору 500 то 4 ҳазор террористи ДИИШ-ӣ дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон ҳузур доранд ва ба ҳамин тартиб хатари нуфузи онҳо ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ афзоиш ёфтааст.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай, созмони Авруосиёӣ аст, ки Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон, Ҳинд ва Покистон дар он узвият доранд.

Эрон, Муғулистон ва Афғонистон низ узви нозири он ҳастанд.

Гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкории Шанхай ва Афғонистон дар соли 2015 тибқи тасмими Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай эҷод шуд.

Ин гурӯҳ барои ҳамоҳангии бештар кишварҳои Шанхай дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, роҳандозии раванди ройзанӣ байни Созмони ҳамкории Шанхай ва Афғонистон ва ҳамчунин талош барои иҷрои барномаҳои байналмилалӣ дар чорчӯби кумак ба Афғонистон бо ҳадафи тасбити авзои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инсонӣ дар ин кишвар эҷод шудааст.

 

Барчасп