Май 21, 2019 12:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори мақомоти динии Қазоқистон дар мавриди фитнаангезии ифротгароҳо

Дафтраи мудирияти мусалмонони Қазоқистон дар паёме расмӣ шаҳрвандони ин кишварро ба муроқибат аз фитнаангезии созмонҳои ифротӣ даъват кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин паём омадааст, барои шаҳрвандони қазоқ, ки нохоста ва ба далели ҷаҳл, қурбонии созмонҳои ифротӣ шуданд бояд кумакҳои лозим ироа шавад.

Дар моҳи Рамазони карим моҳи меҳрабонӣ ва раҳмат бояд бо қурбониёни созмонҳои ифротӣ рафтори муносиб анҷом шавад.

Бо афроде, ки таҳти пушиши дин иқдомоти ғайриқонунӣ анҷом медиҳанд ва машғули густариши фитна ҳастанд бояд бархурди ҷиддӣ аз тарафи давлат анҷом шавад.

Дафтари мудирияти мусалмонони Қазоқистон шаҳрвандони қазоқ аз ҷумла ҷавононро ба муроқибат аз фитнаангезии созмонҳои ифротӣ даъват мекунад.

Ин паём ба муносибати бозгашти 231 шаҳрванди қазоқ аз Сурия мунташир шуд. Байни шаҳрвандони бозгашта аз Сурия 156 кудаки зери 18 сол қарор доранд.
Ҳамчунин дар моҳи  январи соли равон ба дастури Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон 47 шаҳрванди ин кишвар низ ба ватан бозгаштанд. Теъдоди зиёде аз ин шаҳрвандон тавонистанд кор пайдо кунанд.