Май 22, 2019 11:49 Asia/Dushanbe
  • Баррасии аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек

Раисони Маҷлисҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бар зарурати тасреъ дар раванди аломатгузории марзи муштараки ин ду кишвар таъкид карданд.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Қирғизистон, дар ин дидор Шукурҷон Зуҳуров ва Достонбек Ҷумъагулов дар ҳошияи нишасти Маҷмаи парлумонии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Қирғизистон дар бораи зарурати тақвияти ҳамкориҳои Маҷолиси қонунгузорӣ ва ниҳоӣ кардани созишномаи аломатгузории марзи муштарак бо ин ду кишвар баҳс ва табодули назар карданд.

Онҳо таъкид кардаанд, ки таъмини субот ва амният дар манотиқи марзии муштарки ду кишвар, ҷилавгирӣ аз бурузи муноқишот миёни сокинони манотиқи мавриди ихтилоф ва ҳамкории ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз муҳимтарин меҳварҳои сиёсати ҳукуматҳои Душанбе ва Бишкек буд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ишора ба дӯстии деринаи мардумони тоҷик ва қирғиз таҳкими муносибатҳои дӯстонаи кишварро хостор шуд.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шӯравӣ бархе аз манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуда ва теъдоде аз рустоҳои ин ду кишвар дар дохили ҷумҳурии дигар воқеъ шудаанд, ки акнун ба маншаи ихтилофи мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.