Май 22, 2019 14:49 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи мошинҳои борбари тоҷик пушти марзҳои Туркманистон ва Узбакистон

Расонаҳои маҳаллӣ аз таҷаммӯи беш аз 100 мошини борбари ҳомили пахта ва порчаи тавлиди Тоҷикистон дар марзҳои муштараки Узбакистон бо Туркманистон хабар доданд.

Бар асоси гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ, ин мошинҳо пахта ва порчаи тавлиди Тоҷикистонро аз тариқи қаламрави Узбакистон ва Туркманистон ба Туркия ҳамл мекунанд, вале ба далели мушкилоти ахири байни Душанбе ва Ашқобод ин мошинҳо дар марзҳои Туркманистон мутаваққиф шудаанд.

Ронандагони мошинҳо метавонанд аз масирҳои дигаре, аз ҷумла Қирғизистон ба масири худ идома диҳанд, аммо идораи гумруки қазоқ таърифаҳои болоеро вазъ мекунанд.

Бархе ронандагон дар постгоҳҳои марзӣ беш аз 30 рӯз мутаваққиф шудаанд, ки ба ин далел аз давлати Туркия кӯмак хостаанд.

Туркманистон аз моҳи августи соли 2018 бо таъхир мошинҳои тоҷикиро дар марзҳои худ пазириш мекунад ва дар бораи ин мавзӯъ ҳеҷ изҳори назаре накардааст.