Дидори раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо бо раиси ҷумҳурии Узбакистон
(last modified Mon, 03 Jun 2019 06:28:35 GMT )
Июн 03, 2019 11:28 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо бо раиси ҷумҳурии Узбакистон

Раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дар сафар ба Тошкант бо раиси ҷумҳурии Узбакистон дидор ва масоили муҳими минтақаро баррасӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс Доналд Туск раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар сафар ба Тошкант бо Шавкат Мирзоев раиси ҷумҳурии Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Раиси ҷумҳурии Узбакистон дар ин дидор бар тавсиъаи гуфтугӯи сиёсии муасир ва ҳамкориҳои амалӣ бо иттиҳодияи Аврупо дар заминаҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ, навоварӣ, илмӣ, фаннӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ таъкид кард. Ҳамчунин таъкид шуд,ки нахустин сафари раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ба Узбакистон,ки дар бисту панҷумин солгарди барқарории робитаҳои дипламатӣ байни Узбакистон ва Иттиҳодияи Аврупо анҷом мегирад,нишонаи боризи талошҳои мутақобил барои тавсиъа ва таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба мебошад.

Дар ин дидор барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои амалӣ дар заминаҳои иқтисодӣ,бозаргонӣ, навоварӣ ва сармоягузориҳо, ҳамлу нақлӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва беҳдоштӣ таваҷуҳи хосе мубадал шуд. Ҳамчунин таъкид шуд,ки ислоҳоти дар дасти иҷро дар Узбакистон барои озодсозии иқтисодӣ имконотеро барои ҳузури бештари бозоргонони бузурги Аврупо,ҷазби фаъоли фановариоҳи нав ба Узбакистон,таҷрибаҳои пешрав ва стандартҳои болоро фароҳам мекунад.

Узбакистон ҳамкори бо Бонки Тавсиъа ва бозсозии Аврупо аз сар гирифтааст,иҷрои нахустин тарҳҳои муштарак бо ҳузури Бонки сармоягузории Аврупо дар заминаҳои авлавиятдори иқтисоди Узбакистон оғоз шудааст.

Бар асоси гузориши Вазорати умури хориҷаи Узбакистон, дар таърихи 16 ноябри соли 1994 милодӣ байни Иттиҳодияи Аврупо ва Узбакистон робитаҳои сиёсӣ барқарор шуда ва аз моҳи январи соли1995 милодӣ дар Бруксел сафорати ин кишвар фаъолият мекунад.