Июн 03, 2019 13:03 Asia/Dushanbe
  • Панҷову нуҳумин Намоишгоҳи байналмиллалии гул дар Узбакистон баргузор шуд

Панҷову нуҳумин Намоишгоҳи байналмилаллии гул дар боғи Бобури шаҳри Намангони Узбакистон ба поён расид ва барандагони ин намоишгоҳ ҷоизаҳои худро дарёфт карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, имсол ширкати Бозори гули эрониёни ,Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар панҷову нуҳумин намоишгоҳи байналмиллалии гул ба унвони нахустин ширкати хориҷӣ ҳузур пайдо кард.

Хайруллоҳ Бозоров шаҳрдори устони Намангон дар маросими ихтитомияи ин намоишгоҳ бо ишора ба ин,ки ин намоишгоҳи гул ҳар сол баргузор мешавад,гуфт: алоқамандии мардум ва ширкатҳо ба ин намоишгоҳ сол ба сол афзоиш меёбад ба тавре,ки рӯзи ифтитоҳияи он 150 ҳазор нафар дар боғи Бобур ҳозир шуданд ва таи 5 рӯзи гузашта беш аз як миллион нафар аз ин намоишгоҳи гул боздид карданд.

Беш аз 50 ширкат, корхона ва гулкор аз сӯи шаҳрдор мавриди ташакур ва тақдир қарор гирифтанд.

Намоишгоҳи гул ро намояндагони расонаҳои хориҷӣ аз 12 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Эрон,Чин, Туркия, Русия, Қирғизистон ва дигар кишварҳо пушиш доданд.