Июн 08, 2019 20:22 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии коршиноси қазоқистонӣ аз натиҷаи интихоботи 9 –уми июн

Коршиноси сиёсии қазоқистонӣ пешбинӣ кард, Қосим Жомарт Токаев, раисҷумҳури муваққат ва номзади ҳизби “Нур Отан” пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии нуҳуми июни ин кишвар хоҳад буд.

Андрей Чеботарев, коршиноси масоили сиёсӣ ва раиси маркази таҳлилии “Алтернатива” –и Қазоқистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Форс” гуфт, дар Қазоқистон ҷойи ҳеҷ гуна таҳаввулоти ғайриқобили пешбинӣ, аз ҷумла пирӯзии номзадҳои мухолиф вуҷуд надорад. Бинобарин Қосим Тоқаев, раисҷумҳури муваққати ин кишвар раисҷумҳури баъдӣ хоҳад буд.

Вай афзуд, системаи давлати Қазоқистон тавре аст, ки мақомоти олирутба тамоми таҳаввулотро таъйин мекунанд, бинобарин муаррифии Тоқаев аз сӯи Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури собиқ ба унвони номзади ҳизби “Нур Отан”, ба маънои пирӯзии вай дар интихобот мебошад.

Раиси маркази таҳлилии “Алтернатива” афзуд, ҳамчунин на танҳо нухбагон, балки бахши бузурге аз шаҳрвандони Қазоқистон барои ҳифзи суботи сиёсӣ ва раванди феълии умур дар кишвар, довталабона ба Тоқаев раъй хоҳанд дод.

Чеботарев хотирнишон кард, албатта гурӯҳҳое, аз ҷумла ҷавонон низ ҳастанд, ки дархости тағйири системаи сиёсӣ ва ислоҳоти ҷиддиро доранд, аммо теъдоди онон кам аст.

Вай бо ишора ба савобиқи дигари номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон гуфт, дар байни номзадҳои дигар Амирҷон Косанов, сиёсатмадори мухолифин бисёр фаъол аст ва собиқаи кории ғанӣ дар системаи давлатӣ ва ҷунбишҳои опозитсиюн дорад, аммо номзадҳои дигар намояндагони ҷунбишҳои сиёсӣ ё аҳзобе ҳастанд, ки бо давлати феълӣ ҳамкорӣ доранд.

Дар ҳамин ҳол, Расул Ҷамолӣ, дигар коршиноси масоили сиёсии Қазоқистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Форс” бо ишора ба дархости ҷунбишҳои опозитсиюн барои таҳрими интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар гуфт, бархе ҷунбишҳои опозитсиюн мардумро ба таҳрими интихобот фаро мехонанд, аммо ин навъ эътироз таъсире нахоҳад дошт ва ба маънои шикасти ин ҷунбишҳо аст.

Ин коршиноси сиёсии қазоқ гуфт, мухолифини Қазоқистон бояд мардумро ба ширкат дар интихобот даъват кунанд ва ба ҷойи таҳрими интихобот бояд аъзои ин гурӯҳҳо нозир бар интихобот шаванд то натоиҷи он шаффоф ва дақиқ бошад.