Июн 09, 2019 16:04 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии Қазоқистон

Интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии Қазоқистон бо рақобати ҳафт номзад аз соати 7-и субҳи имрӯз, якшанбе, нуҳуми июн оғоз шудааст ва то соати 8-и шаб идома хоҳад дошт.

Пеш аз ин Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон эълом карда буд, илова бар Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури муваққат ва номзади ҳизби ҳокими Қазоқистон, Дония Эспаева, номзади Ҳизби "оқ жол", Амирҷон Касанов, номзади Ҷунбиши меҳанпарастон, Толеътой Раҳимбеков, номзади Ҳизби “аули”, Саъдибек Тегул, номзади Ҳаракати «ұлы дала қырандары», Жамбил Аҳмадбеков, номзади Ҳизби миллии коммунисти Қазоқистон ва Амонгелди Таспихов, номзади Федератсияи иттиҳодияҳои коргарони Қазоқистон дар интихоботи рӯзи нуҳуми июн бо якдигар рақобат хоҳанд кард.

Интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии Қазоқистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури мустаъфии ин кишвар барои нахустин бор дар интихобот ҳузур надорад. Нурсултон Назарбоев рӯзи 19-уми марти соли ҷории милодӣ дар як суханронӣ хитоб ба мардуми Қазоқистон, ки аз шабакаҳои давлатии ин кишвар пахш шуд, эълом кард, аз мақоми худ истеъфо кардааст. Ӯ ҳамчунин тасреҳ кард, ихтиёроти вай то итмоми давраи қонунии раёсатҷумҳурӣ дар соли 2020 ба Қосимҷомарт Тоқаев, раиси Маҷлиси сенои Қазоқистон тафвиз шудааст. Назарбоев дар ин хитобаи телевизионӣ зимни эъломи ин ки Тоқаев ба унвони раисҷумҳури ҷадид дар маҷлис савганд ёд хоҳад кард, фармони истеъфои худро имзо кард. Назарбоев дар бораи натиҷаи мантиқи ин стратегия гуфт: "Қонуни Асосӣ бояд ба тадриҷ ислоҳ шавад, ки мабнои он тақсими қудрат аз раисҷумҳур ба Маҷлиси миллӣ бо дар назар доштани суннатҳои қавми қаззоқ аст".

Нурсултон Назарбоев дар соли 1991 бо касби 98.7 дарсади ороъ ба унвони раисҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд ва аз он замон ба муддати 28 соли мудовим идораи умури бузгтарин кишвари Осиёи Марказиро дар даст дошт. Бо вуҷуди канор рафтани Назарбоев аз қудрат коршиносони ҳазфи вай аз раъси ҳирами қудрати сиёсиро баид медонанд. Дар воқеъ, Назарбоев дар пушти пардаи қудрати сиёсӣ эҳтимолан ба фаъолиятҳое ва иҷрои барномаҳои худ дар Қазоқистон идома хоҳад дод.

Аз ҳамакнун қобили пешбинӣ аст, ки раисҷумҳури муваққати Қазоқистон, яъне Қосимҷомарт Тоқаев ҳамчунон зимоми умури кишварро дар даст хоҳад дошт. Бавижа ки Нурсултон Назарбоев бо интихоби ҷонишини худ дар воқеъ, аз вай ҳимояти қатъӣ ба амал овардааст. Ин амр ба маънои он аст, ки раисҷумҳури муваққати Қазоқистон фарди шоиста барои ба уҳда гирифтани зимоми умури ин кишвар аст. Дар ин иртибот Александр Князев, коршиноси сиёсӣ гуфтааст: "Дар Қазоқистон теъдоде аз сиёсатмадороне вуҷуд доранд, ки қодир ба ҷонишинии раисҷумҳури феълӣ ҳастанд, вале ҳанӯз на ниҳодҳои расмӣ ва на ҷомеаи ин кишвар ба сурати саддарсадӣ омодагии вогузории чунин масъулияте бар дӯши яке аз онҳоро надоранд". Ин ҳақиқатро низ набояд нодида гирифт, ки дар Қазоқистон мухолифон аз пойгоҳи иҷтимоии ҷиддӣ бархурдор нест. Бо вуҷуди ин талошҳое дар ҷиҳати доман задан ба масоиле бо ҳадафи эҷоду доман задан ба иғтишошот ба назар мерасад. Дар ин замина ҳамчунин тардиде нест, ки аксар созмонҳои шибҳмиллатгарои фаъол дар Қазоқистон аз сӯйи ниҳодҳои пантуркистӣ аз хориҷ аз кишвар таъмини молӣ мешаванд.