Июн 10, 2019 11:46 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 500 муътариз дар Қазоқистон

Нерӯҳои пулиси Қазоқистон 500 нафар аз муътаризон ро пас аз поёни интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар боздошт карданд.

Хабаргузории Фаронса гузориш дод,Қосим Ҷумарт Токаев ҷонишини Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон дар рақобат бо 6 нафар аз номзадҳои раёсати ҷумҳури тавонист аксарияти оро ро барои курсии раёсати ҷумҳурӣ касб кунад.

Назарбоев 4 сол пеш тавонист бо ҳузури 95 дарсадии мардум дар интихобот ҳудуди 98 дар сади оро ро касб кунад.

Владимир Фовс муовини раиси камисиюни марказии интихоботи Қазоқистон дар нишасти хабарии худ пас аз поёни райгирӣ дар ин кишвар, мизони мушорикат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро 95 дар сад унвон кард.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи якшанбе баргузор шуд ва аз ҷамъияти 18.5 миллионӣ ҳудуди 11 миллион нафар воҷиди шароити рай додан буданд.

Нурсултон Назарбоев,ки ҳудуди 30 сол раёсати ҷумҳуриии Қазоқистон ро ба уҳда дошт,20 и моҳи март аз симмат канорагирӣ кард ва баъд аз он раиси давлат ба таври мувақат ба Қосим Ҷомарт Токаев риси маҷлиси Санно вогузор шуд.

Дар Қазоқистон раиси ҷумҳур ба мудати панҷ сол интихоб мешавад. Номзади интихоби раёсати ҷумҳурӣ барои  пирӯзӣ дар ин интихобот бояд беш аз 50 дар сади оро ро касб кунад. Дар ғайри ин сурат интихобот ба даври дуввум кашида мешавад.