Маросими фарҳангии Ораза ид дар Бишкек баргузор шуд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i44363-Маросими_фарҳангии_Ораза_ид_дар_Бишкек_баргузор_шуд
Маросими фарҳангӣ бо мавзуи Ораза ид бо ҳузури мақомоти сиёсӣ ва мазҳабии Қирғизистон ва кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 10, 2019 14:51 Asia/Dushanbe
  • Маросими фарҳангии Ораза ид дар Бишкек баргузор шуд

Маросими фарҳангӣ бо мавзуи Ораза ид бо ҳузури мақомоти сиёсӣ ва мазҳабии Қирғизистон ва кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин маросим Мақсадбек Ҳоҷи Тактамушиев сафири аъзам, Али Муҷтабо Рӯзбаҳонӣ сафири ҷумҳурии исломии Эрон, Парвиз Қосимӣ ройзани фарҳангии Эрон дар Қирғизистон Зикр Чатаев масули камисиюни умури мазҳабҳои Қирғиз, фаъолони иҷтимоӣ ва динӣ баргузор шуд.

Ба гуфтаи баргузоркунандагони ин гуна маросимҳои фарҳангӣ пули иртиботӣ байни намояндагони адён ва ақвоми мухталиф буда ва фурсати хубе барои табодули фарҳанг, тақвияти дӯстӣ, сулҳ ва созгорӣ дар иҷтимоъ мебошанд.

Дар ин маросим намояндагони миллатҳои мухталифи муқим дар Қирғизистон колоҳҳо, санойеи дастӣ ва одоб ва русуми худро муарифӣ карданд ва русуми мардумони мухталиф ба намоиш гузошта шуд.