Июн 18, 2019 19:44 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори боздоштшудагони тазоҳуроти Қазоқистон ба чаҳор ҳазор тан

Вазири кишвари Қазоқистон аз афзоиши шумори дастгиршудагон дар тазоҳуротҳои пеш ва пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ба чаҳор ҳазор тан хабар дод.

Эрлан Тургумбоев, вазири кишвари Қазоқистон бо ишора ба боздошти 4 ҳазор нафар дар ҷараёни тазоҳуроти пеш ва пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар гуфт, аз ин теъдод наздик ба 700 нафар ба чанд рӯзи ҳабс маҳкум шудаанд.

Муътаризон интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ дар ин кишварро зоҳирӣ, ғайридемократӣ ва номашрӯъ медонанд. Муътаризон мегӯянд, интихоботи раёсатҷумҳурии 10 июн ба сурати зоҳирӣ баргузор шуда ва Қосимҷомарт Тоқаев танҳо бо 6 рақиби начандон матраҳу ношинос рақобат карда ва пирӯз шудааст.

Тоқаев пеш аз истеъфои Нурсултон Назарбоев аз қудрат раиси Маҷлиси Қазоқистон, палатаи поёнии парлумони ин кишвар буд ва пас аз истеъфои вай ба унвони кафили раёсатҷумҳурӣ муаррифӣ шуд.

 

Барчасп