Июн 19, 2019 13:29 Asia/Dushanbe
  • Боз ҳам таниш дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон боз ҳам таниш рух дод.

Ба нақл аз расонаҳои маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон, гуруҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон рӯзи гузашта чупонони тоҷикро ҳамроҳ бо гусфандонашон ба иҷбор аз чарогоҳе дар ин минтақа ронданд. Афзун бар ин онҳо боми яке аз манзилҳои яке аз чупонони тоҷикро оташ заданд.

Ба дунболи ин ҳодиса марзбонони тоҷик дар маҳал ҳозир шуданд ва оташро хомуш карданд.

Мақомоти шаҳристони Исфараи Тоҷикистон вуқуи таниши нав дар хатти марзи муштарак бо Қирғизистонро таъид ва эълом карданд дар ростои пешгирӣ аз ташдиди низоъ бо мақомоти марбутаи кишвари ҳамсоя вориди музокира шуданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи мушатарк доранд. Ҳудудан 450 километри он нишонагузорӣ ва мушаххас нашудааст. Ин хатти марзӣ аз замони Шуравӣ то кунун ҳамвора танишзо будааст.