Интихоби раиси нави Сенати Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i44580-Интихоби_раиси_нави_Сенати_Узбакистон
Раиси Сенати Узбакистон дар бистумин нишасти ин маҷлис дар соли 2019 интихоб шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 21, 2019 15:15 Asia/Dushanbe
  • Интихоби раиси нави Сенати Узбакистон

Раиси Сенати Узбакистон дар бистумин нишасти ин маҷлис дар соли 2019 интихоб шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сенати Узбакистон рӯзи ҷумъа дар бистумин иҷлоси худ дар соли 2019, ки ба раёсати Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон баргузор шуд, Танзил Норбоеваро ба унвони раиси ҷадиди Сенати ин кишвар интихоб кард.

Ин нахустин бор дар таърихи Узбакистон аст, ки раёсати Сенатро як зан ба ӯҳда мигирад.

Пеш аз ин Норбоева симати муовини нахуствазир ва раиси Кумитаи занони Узбакистонро бар ӯҳда доштааст.

Дар ҳамин ҳол Неъматуллоҳ Юлдошев, раиси Сенати Узбакистон ба дастури раисҷумҳури ин кишвар ба симати додситони кулли ин кишвар мансуб шуд.