Июн 26, 2019 18:46 Asia/Dushanbe
  • 350 гумшуда дар пайи инфиҷори анбори муҳиммоти Қазоқистон

Инфиҷори ду рӯзи пеш дар анбори муҳиммот дар ҷануби Қазоқистон 350 гумшуда барҷой гузоштааст.

Ба гузориши ИРНА, дар ин инфиҷор, ки рӯзи 24 –уми июн дар вилояти Арис, дар ҷануби Қазоқистон рух дод, се тан кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд ва аз сарнавишти 350 нафар низ ҳанӯз иттилое дар даст нест.

Дар ҳоле, ки 70 нафар аз маҷруҳони ин ҳодиса сарипоӣ дармон ва аз бемористонҳо мураххас шуданд, 45 нафар ҳанӯз дар бемористон бистарӣ ҳастанд, ки ҳоли се нафар аз онҳо низ вахим эълом шудааст.

Пас аз ин ҳодиса 45 ҳазор нафар аз сокинони ин минтақа ночор ба тарки хонаҳо ва тахлияи маҳал шуданд ва ба бисёре аз сохтмонҳо осебҳои ҷиддӣ ворид шудааст.

Тибқи арзёбиҳои полис, истифодаи нодуруст аз таҷҳизоти гази табиӣ сабаби оташсӯзӣ ва инфиҷор дар ин анбори муҳиммот шудааст.

 

Барчасп