Июн 26, 2019 19:46 Asia/Dushanbe
  • Талоши Гулнора барои озодӣ аз зиндон

Гулнора Каримова, духтари раисҷумҳури собиқи Узбакистон, ки ба иттиҳоми фасоди молӣ ва тақаллубу пулшӯӣ ба 10 соли ҳабс маҳкум шудааст, бо эъломи омодагӣ барои пардохти 1.2 миллиард доллар ба хазонаи кишвараш, аз давлати ҷадиди ин кишвар хостааст то ӯро озод кунанд.

Ба гузориши ИРНА, духтари 46 солаи Ислом Каримов, раисҷумҳури мутаваффои Узбакистон, бо интишор паёме дар Инстограми худ зимни узрхоҳӣ ба далели он чӣ, ки рафтори шармовар ва маъюскунандаи худ номида эълом кардааст: маблағе, ки вай ба давлат эҳдо кардааст, сарфи манофеи давлатӣ ва аҳдофи башардӯстона хоҳад шуд.

Вай муддаӣ шудааст, ки аз оғози таҳқиқоти қазоӣ, ӯ ба далели ин ки сармояаш барои умрон ва ободии кишвараш сарф шавад, ҳамкориҳои лозимро бо тими таҳқиқот анҷом додааст.

Дар идомаи таҳқиқот ва талошҳои байналмилалӣ барои равшан шудани парвандаи фасоди молии Гулнора Каримова, додситони кулли Швейтсария эълом кард, ки аз ҳисобҳои бонкии Гулнора дар ин кишвар 133 миллион доллар ба Узбакистон мунтақил кардааст.

Гулнора ба хотири сарвати зиёдаш, ки аз роҳҳои машкуке ба даст омада буд, шуҳрат дорад.

Таҳқиқот роҷеъ ба фасод ва ришвахории Гулнора аз соли 2012 оғоз шудааст ва таҳқиқот дар 19 кишвари ҷаҳон алайҳи ӯ ва афроди муртабит бо фаъолиятҳои иқтисодиаш идома дорад.

Дар соли 2015 гузориш шуд, ки Гулнора Каримова ба иттиҳоми фирор аз пардохти молиёт ва аххозӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст.

Пештар мақомҳои швейтсарӣ дар гузорише эълом карда буданд, ки Гулнора 800 миллион франки швейтсарӣ (баробар бо 794 миллион доллар) дар бонкҳои ин кишвар супурда дорад, ки тавқиф шудааст.

Гулнора Каримова дар соли 2014 пас аз ҳамлаи лафзӣ ба мақомоти баландпояи давлати Узбакистон ва низ модару хоҳараш ба таври ғайрирасмӣ дар ҳабси хонагӣ қарор гирифт ва баъд аз марги падараш барои вай парвандаи қазоӣ ташкил ва ба зиндон маҳкум шуд.

 

Барчасп