Июн 26, 2019 19:57 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи комили парвозҳои Луфт Ҳанза  ба Ишқобод аз моҳи ноябр

Ширкати ҳавопаймоии олмонии мавсум ба Луфт Ҳанза аз моҳи ноябри соли 2019 парвозҳои худ ба Ишқободро мутаваққиф мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Нидо Ҷаъфарӣ масъули ширкати мазкур дар Аврупо, Ховари Миёна ва Африқо дар ин хусус изҳор дошт, Луфт Ҳанза ба таври комил парвозҳо аз Франкфорт ба Ишқободро то поёни октябр мутаваққиф мекунад.

Вай афзуд, парвозҳо ба Ишқобод суд надоранд ва парвозҳои Луфт Ҳанза аз тариқи транзит аз Боку анҷом шуд, аммо пас аз фасли тирамоҳ танҳо парвозҳо ба Боку боқӣ мемонад.

Ин дар ҳолест, ки парвозҳои Луфт Ҳанза ба Ишқобод аз соли 1996 анҷом мешавад ва юино бар гузориши масъулон тақозо барои он коҳиш ёфт ва бархе вақтҳо дар ҳавопаймо факат 2 мусофир ҳузур доштанд.

Пеш аз ин ширкати миллии "Туркманҳавоюларӣ" низ парвози мустақим ба Олмон дошт, аммо дар моҳи феврали соли равон Ожонси амнияти ҳавоии Англия ширкати миллии туркманиро ба далели риоят накардани тадбирҳои амниятӣ ва стандардҳои ҷаҳонӣ вориди руйхатти сиёҳ кард ва парвозҳои мустақим ва транзитии Туркманҳавоюларӣ ба Англия, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мамнуъ шуданд.

Дар вокуниш ба ин ҳодиса давлати Туркманистон ба ширкати Луфт Ҳанза барои дарёфти кумак ҷиҳати ҳалли мушкилоти парвозҳо аз ҷумла стандардҳои байналмиллалӣ муроҷиа кард.