Июн 28, 2019 20:49 Asia/Dushanbe
  • Нахустин намоишгоҳи гардишгарии ҳамсуд дар Самарқанд барпо мешавад.

Нишасти давраии гардишгарии кишварҳои узви кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ рӯзҳои 9 ва 10 июл дар Самарқанд баргузор ва дар ҳошияи он нахустин намоишгоҳи гардишгарӣ низ барпо мешавад.

ИН нишаст ва намоишгоҳ макони эҷоди фазо барои ошноии бештар бо потенсионали кишварҳои ҷомиъаи кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ, табодули таҷрибаҳо ва навоварӣ ва ҳамчунин тақвияти гуфтугӯҳои мустақим байни Созмонҳои гардишгарӣ бо тиҷорати гардишгарии ҳамсуд ро фаро ҳам мекунад.

Ҳамчунин баргузории семинари байналмиллалии Гардишгарӣ дар кишварҳои ҷомиъаи  кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ ва ҳамкориҳои минтақаӣ ; низ дар дастури кори ин барнома қарор дорад.

Вазоратҳо ва идораҳои марбута, намояндагони умури дипламатӣ, Созмонҳои байналмиллалии муқим дар ин кишвар, намояндагони санъати гардишгарӣ аз кишварҳои ҷомеъаи кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ, расонаҳои гурӯҳии дохилӣ ва хориҷӣ дар ин маросим ширкат хоҳанд кард.

Барчасп