Июл 04, 2019 12:30 Asia/Dushanbe
  • Мураххасӣ ва дастмузд ба зиндониёни Узбакистон таъллуқ мегирад

Тибқи муқаррароти нави Узбакистон зиндониёни ин кишвар аз ҳаққи дарёфти мураххасӣ ва дастмузд бархурдор хоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати додгустарии Узбакистон эълом кард тибқи муқаррароти нав зиндониёни ин кишвар аз ҳаққи шароити эминии кор, истироҳат, мураххасӣ ва дастмузд бархурдор хоҳанд шуд.

Илова бар ин зиндониён аз ҳаққи анҷоми машқҳо дар ҳавои озод ғайр аз вақти корӣ ва дарёфти кумаки равоншинос баҳраманд мешаванд.

Зиндониён ҳамчунин метавонанд ҳатто рӯзҳои таътилӣ низ аз кумаки равоншинос истифода кунанд.

Илова бар ин дар сурати беморӣ баъд аз касби саломатӣ ба зиндониён ҳаққи дидорҳои изофӣ бо хешовандон ироа хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар сурати вуқуи бемории сахт ба зиндонӣ барои тамоси телефонӣ ва дидори изофӣ бо хешовандон ба дастури пизишк иҷоза дода хоҳад шуд.

Ин иқдомоти башардустона пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон имконпазир шудааст.

Пеш аз ин чунин бархурде бо зиндониён руъё ба ҳисоб меомад.