Оғози даъвоҳои ҳуқуқӣ дар мавриди набераи Назарбоев дар Англия
(last modified Sat, 06 Jul 2019 12:39:30 GMT )
Июл 06, 2019 17:39 Asia/Dushanbe
  • Оғози даъвоҳои ҳуқуқӣ дар мавриди набераи Назарбоев дар Англия

Расонаҳои Англия аз оғози иддаоҳои ҳуқуқӣ дар мавриди Айсултон Назарбоев, набераи Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури собиқи Қазоқистон дар шаҳри Лондон хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, расонаҳои Англия эълом карданд, ки аввалин нишаст барои баррасии иқдомоти ғайриқонунии Айсултон баргузор шуд.

Набераи раисҷумҳури собиқи Қазоқистон ба иттиҳоми истифода аз маводи мухаддир ва даргирӣ бо полис дар Лондон боздошт шудааст.

Айсултон - фарзанди Дариға Назарбоева, раиси парлумони Қазоқистон ва духтари Нурсултон Назарбоев аст ва ба тозагӣ аз Академияи низомии Англия фориғуттаҳсил шудааст.

Ҳамакнун Айсултон дар боздошти муваққат нигаҳдорӣ мешавад ва ҳанӯз масъулияти иттиҳомоти худро бар ӯҳда нагирифтааст.