Июл 15, 2019 11:24 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Узбакистон ба Амрико сафар мекунад

Абдулазиз Комилов вазири хориҷаи Узбакистон фардо дар раъси як ҳайат аз мақомоти аршади ин кишвар ба Амрико сафар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Комилов дар чорчуби ин сафар дар дуввумин нишасти вазирони умури хориҷа дар масоили пешбурди озодии мазҳабӣ ширкат мекунад.

Тибқи барномаи вазири умури хориҷаи Узбакистон дар ин сафари 8 рӯза дидорҳои дуҷониба низ анҷом хоҳад дод.

Ҳамакнун дар Узбакистон 210 ширкати муштарак бо сармоягузории сармоягузорони амрикоӣ аз ҷумла 49 ширкат бо 100 дар сад сармояи сармоягузорони амрикоӣ фаъолият мекунанд.

Мубодилоти бозоргонии Узбакистон ва Амрико дар 9 моҳи соли 2018 и мелодӣ дар сатҳи 332 миллион доллар қарор гирифтааст.

Амрико истиқлоли Узбакистон ро дар таърихи 27 декабри соли 1991 мелодӣ ба расмият шинохта ва дар таърихи 19 моҳи феврали соли 1992 и мелодӣ байни ин 2 кишвар робитаҳои дипламатӣ барқарор шудааст.