Июл 15, 2019 18:54 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нигаронкунандаи худкушӣ дар Осиёи Марказӣ

Муҳаққиқони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон бо интишори гузорише эълом карданд, ки омори худкушӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ болотар аз миёнгини ҷаҳонӣ ва рӯ ба афзоиш аст.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси ин гузориш, ки таҳқиқ ва баррасӣ дар мавриди он 30 сол ба тӯл анҷомида ва имрӯз, душанбе, 15 –уми июл мунташир шудааст, дар ҳоле, ки миёнгини худкушӣ дар ҷаҳон 11.4 маврид ба ивази 100 ҳазор нафар аст, омори худкушӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ин рақамро афзоиш додааст.

Бар асоси ин гузориш, бештарин омори худкушӣ дар Осиёи Марказӣ марбут ба Қазоқистон бо 48.1 мавриди худкушӣ аз ҳар 100 ҳазор нафар ва камтарин омор марбут ба Тоҷикистон бо 7.2 маврид аз ҳар 100 ҳазор нафар аст.

Ҳамчунин номи Қазоқистон дар феҳристи 10 кишвари аввали ҷаҳон бо бештарин мизони маргу мири ношӣ аз худкушӣ ба сабт расидааст.

Хушунатҳои хонаводагӣ ва мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳимтарин омили худкушӣ дар Осиёи Марказӣ эълом шудааст.

Солона наздик ба якуним миллион нафар дар саросари дунё даст ба худкушӣ мезананд, ки 76 дарсад аз онҳо дар кишварҳои камдаромад ё бо даромади миёна ҳастанд ва 60 дарсад аз ин худкушиҳо дар қораи Осиё рух медиҳад.

 

 

Барчасп