Сафари ҳайате аз Ҳамос ба Маскав
Июл 16, 2019 11:07 Asia/Dushanbe
Манобеи фаластинӣ аз сафари ҳайате аз Ҳамос ба Маскав бо ҳадафи дидор бо мақомоти рус хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории Тасним Ҳусом Бадран раиси Дафтари равобити миллӣ ва аз аъзои Дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос гуфт ҳайате аз раҳбарони Ҳамос рӯзи душанбе вориди Маскав шуданд.
Бадрон афзуд раёсати ин ҳайатро Мусо Абумарзуқ узви дафтари сиёсӣ бар уҳда дорад.
Вай ин сафарро дар ростои тақвияти равобити дуҷониба миёни Ҳамос ва давлати Русия донист ва иртиботи он бо парвандаи оштии фаластиниро такзиб кард.