Июл 16, 2019 11:52 Asia/Dushanbe
  • Омодагиҳо барои дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Исфара

Сокинони шаҳристони Исфара дар вилояти Суғд барои дидори раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон омода мешаванд.

Ба нақл аз Ка-Нюз, барои фароҳам кардани муқаддамоти ин дидор анҷоми корҳои умронӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ба суръат дар ҳоли иҷрост.

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар чорчуби сафари 5 рӯзаи худ ба Исфара бо Сооронбой Жээнбеков дидор ва гуфтугӯ кунад.

Гуфта мешавад мавзӯи аслии дидори ду раиси ҷумҳурӣ ҳалли мушкилоти марзии дар байни онҳо аст.

Бар асоси барнома раиси ҷумҳури Тоҷикистон таи рӯзҳои 20 то 25 июл аз шаҳристони Исфара, ки ҳаммарз бо Қирғизистон аст боздид мекунад.

Ин боздид ба гуфтаи Меҳриниссо Раҳматова раиси деҳшурои Ворух ба вижа барои сокинони ин деҳшуро ҳоизи аҳамият аст. Чаро ки Ворух дар шаҳристони Исфара аз минтақаҳои аслии мавриди ихтилофи ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Қирғизистон аст ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз соли 1993 ба баъд ба ин минтақа сафар накардааст.